Сокинони ноҳияи Қубодиён солҳост аз надоштани боғи фарҳангиву фароғатӣ барои истироҳати худу фарзандонашон  танқисӣ мекашанд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Файзулозода Зафар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар ҳақиқат дар ноҳия боғи фарҳангиву фароғатӣ вуҷуд надорад.

— Дар маркази ноҳия соли 2010 сохтмони собиқ боғи фарҳанигву фароғатӣ оғоз шуда буд, аммо бо сабаби ба расмият дароварда нашудани ҳуҷатҳо сохтмони он қатъ карда шуд. Дар омода кардани ҳуҷҷатҳои боғ мушкилиҳо пайдо шуд, зеро якбора омода шудани 3 қарор оид ба сохтмони беморхона аз тарафи давлати Узбекистон, ҷудо намудани қитаи замин барои боғи истироҳатӣ ва дигар бинову иншоот, ки бояд то соли 2020 сохта шаванд. Ба ин хотир аз тарафи мақомоти иҷозатдиҳанда омода шудани ҳуҷҷатҳо дуру дароз давом кард, — гуфт раиси ноҳия.

Иттилоъ дода шуд, ки рузҳои наздик қарори ҷудо шудани ҳудуди боғ ба имзо расида, сохтмони он оғоз мегардад.

Дар маркази  ноҳияи Қубодиён аз тарафи як соҳибкор худсарона барои бозии кӯдакон  боғ ташкил ва дар он атраксиону дигар намуд таҷҳизот барои бозии кудакон насб шуда буд. Раиси ноҳия гуфт: “Он ягон ҳуҷҷати расмӣ надошт ва бе иҷозати мақомот буду ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Аз ин хотир фаъолияти он қатъ карда шуд. Ҳоло лоиҳаи боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия дар майдони 7 гектар омода карда шудааст.

Коршиносони маҳаллӣ мегуянд, ки маълум нест, чаро  то кунун  ягон масъули ноҳияи Қубодиён  баҳри истироғату фароғати сокинон талоше накардааст. Солҳост мардуми ин ноҳия меҳоҳанд мисли дигар сокинони кишвар боғ дошта бошанду дар он бо фарзандонашон истироҳат кунанд.

Ноҳияи Қубодиён 27 октябри соли 1939 таъсис ёфта, айни замон дар он зиёда 170 ҳазор аҳолӣ  умр ба сар мебаранд, ки солҳост дар орзуи як чунин боғ ҳастанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий