Ширкати Tcell баргузории веломарафони оммавии зимистонаро, ки ду шаҳри вилояти Суғд- Хуҷанд ва Бӯстонро ба ҳам пайваст кард, дастгирӣ намуд. 

Расми ифтитоҳи веломарафон бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд ва директори генералии ширкати Tcell баргузор гардид.

Дар веломарафони Хуҷанд- Бӯстон беш аз 200 дучархарон ва дӯстдорони ин навъи варзиш иштирок карданд. Дар ин сабқат, Шарипов Раббонишоҳ, Бобоҷонов Бобоҷон и Мухаммадҷонов Наимҷон, ки аз ҳама пештар ба марра расиданд, ғолибони мусобиқа эълон гардиданд. Ба барандагони сабқат ҳадяҳои арзишнок- смартфон ва зангҳои телефонӣ бо тавозун аз ширкати Tcell ҳадя намуданд. Ҳамчунин, ғолибон бо рақамҳои “зебо”-и “тиллоӣ”, “нуқрагӣ” ва “биринҷӣ” аз ширкат соҳиб гардида, ба тарофаи даркории «Даркор 59» пайваст шуданд.

Дар анҷомии сабқат ҳамаи иштирокчиёни веломарафон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи варзиш ва ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати РТ сарфароз гардонида шуданд. Tcell ҳамчунин барои ҳамаи иштирокдорони мусобиқа боз як иқдомро роҳандозӣ кард: ҳамаи варзишгарон имкон пайдо карданд, ки ҳангоми харидории рақамҳои “биринҷӣ” тахфифи 50%  дарёфт намоянд!

Аснои баргузорӣ ва идомаи веломарафон иштиркчиён аз алоқаи боэътимоди Tcell баҳравар гардида, аз ҷараёни мусобиқа аксу навор мегузоштанд, эҳсосоти худро баён мекарданд, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамуданд.

Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ аз умдатарин бахши кӯмак ба умури иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва ин барои ширкат масъулияти бузурге дорад. Тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои онро ташвиқ карда, ба ин васила ширкати Tcell саҳми худро дар солимгардонии миллат ва афроди он мегузорад.

«Мо чандин бор чунин мусобиқаҳои варзиширо баргузор ва ҳам дастгирӣ кардаем. Таври мисол, мусобиқоти футбол миёни кӯдакон, бозиҳои варзишии волейбол миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, инчунин мусобиқаи баскетбол миёни шахсони имконияташон маҳдудро ба ин намуна ворид кардан мумкин аст. Сабқатҳои варзишии мухталифро дастгирӣ карда, ба ин роҳ мо кӯшиш менамоем, ки ба одамон, махсусан ба қишри ҷавон тарзи ҳаёти солим ва аҳамияти варзишро дар ҳаёт бифаҳмонем. Итминон дорем, ки веломарафон дар Суғд барои рушди ин намуди варзиш мусоидат мекунад ва оғози чунин чорабиниҳои бузурги варзишӣ хоҳад шуд”, — мегӯяд Директори департаменти маркетинг ва коммуникатсияи ширкати Тсell Кети Пирцхалава.

Веломарафони оммавии зимистона бо ҳадафи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонони Тоҷикистон доир мешавад. Чорабинии варзишии мазкур бо ибтикори Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ширкати Tcell, инчунин ширкати Coca-Cola-ву Somon Air баргузор мегардад.

Добавить комментарий