Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё, ки аз 22 то 26-уми марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаранд, маълум шуд.

Футболбозони тоҷик дар аввалин вохӯрӣ 22-юми март дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд бо олимпичиёни Ҳиндустон вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ  соати 15:00 дар назар аст.

Дар даври дуюм 24-уми март шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Покистон дар варзишгоҳи «Локомотив» ва 26-уми март бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон дар варзишгоҳи «Пахтакор» қувва месанҷанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 26-уми январи соли 2020 дар Таиланд мегузаранд, роҳхат мегиранд.

Дар сурати соҳиби ҷои аввал шудан, ё ба қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ҷойгир шудани мизбони бозиҳо — дастаи мунтахаби Таиланд  дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуюм ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат кунад.

Пас аз ҷамъбасти Чемпионати Осиё се дастаи беҳтарини қитъа ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро, ки дар Ҷопон мегузаранд,  ба даст меоранд.

Чемпионати Осиё-2020 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола (U-23)

Бозиҳои интихобӣ

Гурӯҳи «F»: Ӯзбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.

Даври 1

22 март (ҷумъа)

15:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон. Варзишгоҳи  «Локомотив»

17:00 – Ӯзбекистон – Покистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 2

24 март (якшанбе)

15:00 – Покистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи  «Локомотив»

17:00 – Ҳиндустон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 3

26 март (сешанбе)

15:00 – Ҳиндустон – Покистон. Варзишгоҳи «Локомотив»

17:00 – Ӯзбекистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи  «Пахтакор»

Добавить комментарий