Аз сабаби фарсуда будани техникаҳо дар Хоҷагии манзилию комуналии вилояти Хатлон саривақт партовҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят кашонида насмешавад, ки ин вазъ сокинонро ба ташвиш овардааст.

Сардори Корхонаи воҳиди давлатии  Хоҷагии манзилию комуналии  вилояти Хатлон М. Кулулов гуфт, ҳоло дар ихтёри муассисаҳои комуналии шаҳру ноҳияҳо 238 техника ҳаст, ки аз он 88 ададаш  корношоям ва таъмирталаб мебошад.

Ӯ гуфт, аз ин ҳисоб саривақт кормадони ин ниҳод наметавонанд партовҳоро кашонанд. Гуфта шуд, ки атрофи қариб 60 дарсади нуқтаҳои партвои ноҳия пӯшида нест.

Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ш. Раҳимов гуфт, дар баъзе аз  шаҳру ноҳияҳо воситаҳои нақлиёт дар корхонаҳои комуналӣ фарсуда шудаанд ва ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ианҳо як техникаи дуруст доранд, ки аз ин ҳисоб наметавонанд саривақт партовҳоро кашонанд.

Барои вайрон кардани қойидаҳои партовафканӣ нисбати 489 нафар сокин ва шахси мансабдор ба маблағи  53 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима баста шуда, 36 маводи дигар  ба мақомти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шудааст.

Тибқи мушоҳидаҳои мо дар ноҳияҳои Вахш, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дустӣ, Ҷомӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Панҷ саривақт партовҳо тоза карда нашуда, марказҳои ин ноҳияҳо пур аз партов аст. Масъулонро аз ин вазъ парвое нест. Онҳо баҳона доранд: мошинҳо фарсудаанду ба талабот ҷавобгу нестанд.

Раҳмоналӣ Додархуҷаев

Добавить комментарий