Соли гузашта дар вилояти Хатлон 94 корхонаи мавсимӣ фаъолият накарда, 17 корхонаи саноатӣ пурра аз фаъолият бозмондаанд.

Сардори Сараёсаии омори вилояти Хатлон Зарина Давлатзода чанде пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сабаби фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ дар вилоят набудани ашёи хом мебошад.

Гуфта шуд, ҳоло дар вилояти Хатлон 581 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки соли гузашта аз онҳо 17 ададаш тамоман фаъолият накарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018-ум дар вилояти Хатлон 7 корхонаи ордбарорӣ фаъолият карда, беш аз 2 ҳазору 996  тонна орд истеҳсол шудааст. Истеҳсоли 306 ҳазор тонна ордро манбаъ ба 926 осиёбҳои хурди дар деҳот буда, нисбат дод ва афзуд, ки бо ин вуҷуд дар соли 2018 аз вилоят орд ба берун аз вилоят ва кишвар содирот нашуда, аммо воридодти он нисбати соли 2017-ум коҳиш ёфтааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий